Дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Фаластин баргузор гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҷониби Фаластинро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Мозин Шомия роҳбарӣ намуданд.
Зимни машваратҳо тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Фаластин ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъият дар Шарқи Наздик ва Афғонистон табодули назар намуда, зарурати талошҳои муштаракро ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ таъкид карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






