Дар Душанбе Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Апрель 28, 2018 12:06

ДУШАНБЕ, 28.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел бахшида ба 25-солагии таъсисёбии низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар Муассисаи давлатии «Душанбе плаза» бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, ихтироъкорон, намояндагони идораҳои патентии ИДМ, Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ Конференсияи байналмилалӣ ва Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Намоишгоҳи дастовардҳои ихтироъкорони ҷумҳуриро дар шакли лавҳаҳо (банер), варақаҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоту экспонатҳо баргузор намуд.

Як қатор ихтироъкорони ҷумҳурӣ, ки саҳми босазои худро дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ гузоштаанд, бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ихтироъкорон Ҷаҳон Азонов, Суҳбатҷон Баҳриев ва Саидилҳом Аҳмадзода бо мукофоти олӣ «Нишони фахрӣ»-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии металлургӣ»-и  Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик «ТалКО» бо медали тиллоии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ ба номи В.И. Блинников «Барои саҳм гузоштан дар фаъолияти ихтироъкорӣ» ва Мансур Қурбонов, номзади илмҳои кимиё, ходими калони илмии Маркази инноватсионии биологияи ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи дуюм баргузор шуда, мақсади асосии он тарғибу ташвиқи масъалаҳои марбут ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ мебошад.

Апрель 28, 2018 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд