Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Апрель 17, 2018 18:51

ДУШАНЕБЕ, 17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамкории  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар санадҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030  инъикос ёфтаанд, ба роҳ монда шудааст». Ин нуктаро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, ки ҳамзамон котиби масъули Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад,  дар мулоқоташ бо шарикони  рушд — роҳбарони намояндагиҳои Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зикр намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Фаррух Ҳамрализода  ҳамзамон атрофи тадбирҳои  андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти ислоҳоти институтсионалӣ барои  беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тавассути такмили заминаи қонунгузорӣ, таҳкими низоми татбиқи қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ,  бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва баланд бардоштани иқтидори сармоягузории кишвар ибрози назар намуд.

Таъкид шуд, ки  дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва вусъати шуғли пурмаҳсул муайян гардидаанд, ки онҳо таҳкимбахшандаи ҳадафҳои стратегии амалкунанда маҳсуб меёбанд.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи барномаю стратегияҳои миллии рушд, дастовардҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои зикршуда, самаранокӣ ва рақобатпазирии иқтидорҳо, мушкилоти дар фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ мавҷудбуда ва бартараф кардани он баррасӣ шуда, пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

 

 

Апрель 17, 2018 18:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад