Дар Душанбе Намоиши байналмилалии «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Намоиши байналмилалии «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон», ки аз 18 то 19 апрели соли равон давом меёбад, оғоз гардид.
Дар кушодашавии чорабинӣ муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов, намояндагони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигарон иштирок намуданд.
Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Шодизода иттилоъ дод, соли дуюм аст, ки намоишгоҳи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба он 23 донишгоҳи Ҷумҳурии Қазоқистон даъват шудаанд.
«Имрӯз мо барои шахсоне, ки хоҳиши дар Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил кардан доранд, шароит фароҳам овардем, то бо ихтисосҳо, донишгоҳҳо ва шароити онҳо аз наздик шинос шаванд. Ин донишгоҳҳо бурсияҳои таҳсилии худро доранд ва хоҳишмандон метавонанд ҳам бо тариқи буҷавӣ ва ҳам бо тариқи шартномавӣ ба ин донишгоҳҳо дохил шуда, таҳсили худро идома диҳанд», — гуфт И. Шодизода.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки мақсади дигари баргузории ин чорабинӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои ду кишвар мебошад.
Ба иттилои мусоҳиб, айни ҳол беш аз 536 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Қазоқистон дар риштаҳои гуногун таҳсил доранд.











35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






