Дар Хадамоти гумрук оид ба баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук доир гардид.
Тавре аз Хадамоти гумрук ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода иброз дошт, ки дар ҳақиқат мавқеъ ва нақши зани тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа хеле калон аст ва ҳар як зани тоҷик метавонад барои баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон саҳми босазои худро гузорад.
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бобати баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, омода намудани онҳо ба оиладорӣ, одоби муошират, нақши онҳо дар ҳамдигарфаҳмии аҳли хонадон, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, маърифати либоспӯшӣ ва якчанд масъалаҳое, ки дар ҳаёти ҳар як зан ва оила хеле муҳим аст, изҳори андеша намуд.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






