Дар Хатлон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо» ба кори худ оғоз кард

Апрель 25, 2018 11:49

ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  «Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»-таҳти чунин унвон имрӯз, 25 апрел дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ба кори худ оғоз намуд. Конференсияи мазкур бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор мегардад.

Дар ин бора аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр карданд, ки дар конференсия фаъолони вилоят, намояндагони сохторҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ходимони дин иштирок менамоянд.

Конференсияро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид. Дар идома мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбег Бегназаров, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода маърӯза намуданд.

Зикр гардид, ки имрӯз дар қатори зуҳуроти дигари номатлуб паҳншавии ифротгароии динӣ дар олам, ки ба давлати мо ҳам бетаъсир нахоҳад буд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» заминаи ҳуқуқии муқовимат ба ифротгароиро боз ҳам қавӣ намуд. Аммо бояд дарк намуд, ки мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм танҳо дар сатҳи муборизаи меъёрӣ ва татбиқи таъсиррасонии ҷиноятӣ ба итмом намерасад. Дар ин паҳно воситаҳои иловагӣ ва унсурҳои мухталифи идеологӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва динӣ низ шарт ва зарур мебошанд.

Апрель 25, 2018 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад