Дар Хатлон Рӯзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегарданд

Апрель 27, 2018 15:39

ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон  дар доираи Рӯзҳои  фарҳангии  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  бо иштироки  намояндагони аҳли  ҳунару  фарҳанг  ва  адибону  кишоварзон  чорабиниҳо баргузор мегарданд.

Тавре  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, чорабиниҳо  аз  9 то 13  майи соли равон дар  шаҳру навоҳии вилояти   Хатлон баргузор мешаванд.

Дар доираи чорабиниҳои мазкур баргузории вохӯрии намоядагони ҷавонон, адибон  ва аҳли  ҳунар, инчунин маҳфилҳои гуногуни  фарҳангӣ таҳти унвони «Модарон дар шоҳроҳи ваҳдат», «Ширу  шакари  адибони  Бадахшон  ва  Хатлон»,  «Шоми дӯстӣ» ва ғайраҳо дар назар аст.

Ҳамчунин  дар  шаҳру  навоҳии вилоят барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзону саноатчиён баргузор мегарданд.  Ҳамзамон раисони ду вилоят бо аҳолӣ ва собиқадорон вохӯриҳо  анҷом хоҳанд дод. Барномаи ҷамбастии чорабиниҳо дар варзишгоҳи марказии  шаҳри Бохтари вилояти  Хатлон  бо иштироки  васеи  аҳолӣ  доир мегардад.

Апрель 27, 2018 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад