Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд кишти баҳорӣ вусъат меёбад

Апрель 4, 2018 16:25

ХУҶАНД, 04.04.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои саҳроӣ, аз ҷумла, кишти баҳорӣ бо суръат идома дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи растанипарварии сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудов иттилоъ дод, соли равон кишоварзони вилоят азм доранд, ки кишти баҳорӣ, бахусус кишти пунбадонаро бо риояи қоидаҳои агротехникӣ сари вақт гузаронида,  ҳосили фаровон ба даст оранд.

Ҳоло дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ деҳқонон ба кишти зироати баҳорӣ, аз ҷумла, пунбадона шурӯъ намудаанд.

То 3 апрел дар майдони 59 036 га корҳои кишти баҳорӣ анҷом ёфта, кишти бештар дар ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Истаравшан, Панҷакент ва Спитамен гузаронида шудааст. Дар ин самт аз 14 ноҳияи кишоварзӣ  корҳо бештар  дар ноҳияҳои Деваштич, Истаравшан ва Шаҳристон хуб ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамчунин масъулини ноҳияҳои Ашт, Б.Ғафуров, Зафаробод, Исфара, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен ва Мастчоҳро, ки беш аз нисф ками нақшаи корҳоро иҷро кардаанд, мебояд дар ин самт бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҷараёни корҳоро ҷоннок намоянд.

Дар маҷмӯъ, соли равон кишоварзони вилоят нақша доранд дар майдони 182 ҳазору 975 гектар кишти баҳорӣ анҷом диҳанд, ки аз он 57 ҳазорашро кишти пахта ташкил медиҳад. Ҳоло дар самти кишти пунбадона аз 7 ноҳияи пахтакор дар ноҳияҳои Конибодом ва Мастчоҳ  корҳо хуб ҷараён доранд.

Апрель 4, 2018 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд