ДАР ХОРУҒ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ДАСТГИР ГАРДИД. Аъзоёни ин гурӯҳ ба ивази дарёфти даромади муфт омодаанд, ки ҳаёти ҳамдиёрони моро ҳар лаҳза зери хатар гузоранд
ДУШАНБЕ, 17.04.2018./ АМИТ «Ховар»/. «Яке аз манбаҳои асосии даромади молиявии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Маҳз натиҷаи амалҳои харобкорона ва душманонаи ин гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ алайҳи ҳамдиёрон боиси он гаштааст, ки дар ҳудуди ВМКБ бештар аз 800 нафар ҷавонон гирифтори бемории нашъамандӣ мебошанд ва аз ин теъдод 500 нафарашонро сокинони шаҳри Хоруғ ташкил мекунанд», — гуфта мешавад дар гузориши Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ба дасти мо расид. Дар идомаи гузориш омадааст:
Гарчанде аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят баҳри аз байн бурдани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд, баъзе боқимондаҳои кӯчаки ҷинояткорон то ҳол кӯшиш доранд, ки аъмоли ҷинояткоронаи худро идома диҳанд.
13-уми апрели соли 2018, зимни гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ дар ҳудуди деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнони ВМКБ як далели қочоқи маводи мухаддир аз ҶИА ба ҶТ ошкор ва пешгирӣ карда шуд. Дар натиҷаи амалиёт 3 нафар аъзоёни фаъоли гурўҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон — Меҳтарбодов Фотеҳ Фарухшоевич, соли таваллудаш 1981, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, Боймамад Алибахш, соли таваллудаш 1990, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ ва Гулобов Аслан Давлатмамадович, соли таваллудаш 1990, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, боздошт гардиданд.
Дар рафти гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ аз дохили ду автомашинаи сабукрави шахсони дастгиршуда, дар ҳаҷми махсусан калон, яъне ба миқдори 10 кг «героин» ва 60 кг «ҳашиш», дар маҷмуъ 70 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд. Собит шудааст, ки танҳо 10 кг маводи мухаддири навъи «героин» метавонад зиёда аз 40 ҳазор ҷавонро мубталои дарди нашъамандӣ ва муҷиби марг гардонад.
Дар рафти чорабиниҳои таҳқиқотӣ муайян карда шуд, ки аъзоёни боздоштшудаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ маводи мухадирро бар ивази 5800 дона ҳабҳои экстазӣ аз ҳамотоёни қочоқчии худ аз ҶИА дастрас намуда, мақсад доштанд, ки як қисматашро ба гирифторони дарди нашъамандӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ фурӯшанд ва қисмати дигарашро ба қаламрави кишварҳои дигар интиқол диҳанд. Бояд зикр кард, ки дастаи мазкур бо гурӯҳҳои нашъаҷалоби трансимиллӣ иртибот дошта, маводи сахттаъсири «экстазӣ»-ро аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид намудаанд.
Нисбат ба аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Меҳтарбодов Фотеҳ Фарухшоевич, Боймамад Алибахш ва Гулобов Аслан Давлатмамадович бо дастрасии моддаҳои 289 қисми 3 ва 200 қисми 4-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Тавре мебинем, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ аз кирдорҳои ҷинояткоронаи худ даст кашиданӣ нестанд ва ба умеди дарёфти маблағи муфт омодаанд, ки ҷони ҳар як ҷавон ва дар маҷмӯъ сиҳатии сокинони диёри азизамонро зери хатар гузоранд, теъдоди ҷавонони мубталои дарди нашъамандиро боз ҳам бештар намуда, аз ҳисоби даҳҳо оилаҳои бадбахт намудаашон аъмоли ҷинояткоронаи худро идома бахшанд.
Дар мубориза бо ин ҷинояткорон бояд тамоми шаҳрвандон саҳмгузор бошанд. Зеро танҳо худи мо бо дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонем фарзандони худро аз гирифторӣ ба ин вабои аср ва туъмаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ гаштан наҷот диҳем!








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






