Дар майдони «800-солагии Москва» барномаи идона бахшида ба Рӯзи пойтахт доир шуд

Апрель 21, 2018 12:48

ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар саросари  ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт чорабиниҳои рангини фарҳангию фароғатӣ, варзишӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва нишасту ҷамъомадҳо баргузор мегарданд. Бахшида ба ин рӯз дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғати чорабиниҳои идона гузашта истодаанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯз чунин чорабинии фараҳбахш дар майдони «800-солагии Москва»-и шаҳри Душанбе  баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ  ширкат намуданд.

Дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Бунафша Шарипова таассуроташро аз рафти чорабинии мазкур чунин баён намуд: «Ман аз он мефахрам, ки сокини пойтахт ҳастам.  Хурсандиовар он аст, ки дар даҳ соли охир пойтахти мо ба таври боварнокарданӣ дигаргун гашта, хеле зебову бошукӯҳ шудааст. Ва рӯз то рӯз шоҳиди тағйироти симои пойтахт, бунёди биноҳо ва гулгашту хиёбонҳои нав   мегардем, ки ин боиси хушнудии мост.  Маҷмааҳои фарҳангию фароғатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёна бунёд шудаанд, ки аз ин мо хеле шодем. Аз дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат,  бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдорем, ки барои сокинони кишвар чунин шароити мусоидро фароҳам овардаанд».

Бояд зикр намуд, ки Рӯзи пойтахт, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола шанбеи сеюми  моҳи апрел дар чор ноҳияи шаҳр,  аз ҷумла боғҳои фарҳангию фароғатии Душанбе бо баргузории базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ таҷлил мегардад.

Апрель 21, 2018 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд