Дар манотиқи Тоҷикистон ғайричашмдошт барф борид

Апрель 19, 2018 13:01

ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /НИАТ «Ховар»/. Тавре қаблан бо истинод  ба маълумоти  Агентии обуҳавошиносии  Тоҷикистон хабар дода будем, чанд рӯзи охир  ҳаво дар мамлакат номусоид гашта, боронҳои пуршиддат ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барф ба назар расид. Номусоидии вазъи обу ҳаво шуруъ аз 15 апрел то имрӯз идома ёфта, ҳарорати паст боқӣ мемонад.

18-уми апрел на танҳо дар шимоли  Тоҷикистон- ноҳияҳои Шаҳристону Айнӣ ва шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан,  балки дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон – ноҳияҳои Варзоб, Файзобод ва гурӯҳи навоҳии минтақаи Рашт  низ барф борид.

«Барф ҳамин шаб сар кард ва то саҳар борид. Хайрият, ки дер хоб нарафт, зуд об шуд, вале меваро, аз афташ,  сармо зад. Мӯйсафедҳо мегӯянд, ки зардолу метавонад солим монад, зеро алакай ғурра дорад, вале себу чормағз ҷон ба саломат бурда наметавонанд, чунки нав гул карда буданд”, — чунин мехонем дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ба гуфтаи мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, ҳавои сарди атлантикӣ, ки якбора ба Тоҷикистон омад, ҳароратро дар кишвар поин бурд ва эҳтимол аст  ҳаво баъди 20-уми апрел гармтар шавад. Тавре мутахаассисон иброз медоранд, ҳангоми  сиклонҳои атлантикӣ ҳаво метавонад якбора тағйир ёбад: баҳору тобистон метавонад салқин  ва зимистон гарму хушк гардад.

Бояд гуфт, ки гармшавии обу ҳаво ва ба якборагӣ сард шудани ҳавову боридани барфи ғайричашмдошт дар моҳи апрел ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро дорад.

Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидов баён дошт,  ин ниҳод дар робита ба ин вазъ гуруҳи корӣ таъсис дода, онро ба шаҳру навоҳии дар боло зикршуда сафарбар намудааст, то ҳолати ба амаломадаро  таҳлилу таҳқиқ намуда, хулосаи дақиқ пешниҳод намояд.

Пас аз натиҷагирӣ маълумоти пурра нашр хоҳад шуд.

 

Апрель 19, 2018 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд