Дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бунёди боғи интенсивӣ бо усули обмонии қатрагӣ роҳандозӣ гардид

Апрель 24, 2018 10:42

ХУҶАНД, 24.04.2018. /АМИТ «Ховар»/.   Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд майдони бунёди боғу токзорҳои нав рӯ ба афзоиш дорад. Чанде пеш, дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ — шаҳраки Меҳрон, ки дар Дашти Рогиф ҷойгир аст, дар майдони беш аз 2 гектар замини лалмӣ ба бунёди боғи интенсивӣ бо усули обдиҳии қатрагӣ бо шинонидани 5000 бех ниҳоли себ асос гузошта шуд.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» масъулини шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, бунёди боғҳои интенсивӣ дар доираи лоиҳаи кооперативи ғайритиҷоратии «Сароб» ва бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ гардида, дар умум, тибқи нақша, боғҳои интенсивӣ дар майдони 6 гектар замин бояд бунёд карда шаванд. То имрӯз, дар ноҳия дар асоси Барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 дар талу теппаҳо беш аз 22 гектар боғҳои нав бунёд шудаанд.

Ҳамзамон, мувофиқи маълумоти оморӣ, сокинони ноҳия соли 2017 аз майдони 555 гектар боғ беш аз 7600 тонна ҳосили мева ба даст овардаанд, ки маблағи умумии он ба ҳисоби миёна зиёда аз 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба  иттилои  Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд,  дар миқёси вилоят то аввали моҳи апрели соли равон дар ҳамаи бахши хоҷагиҳо 568,9 гектар боғҳои нав бунёд гардида, аз масоҳати умумии боғҳо дар 69,7 гектар ниҳоли меваҳои тухмдор, дар 485,9 гектар ниҳоли меваҳои донакдор, дар 1 гектар ниҳоли меваҳои мағздор ва дар 12,3 гектар ниҳоли мевагиҳои субтропикӣ шинонида шудааст. Ҳамзамон, ҷониби хоҷагидорони вилоят то санаи 1 апрели соли 2018 дар майдони 570,4 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола низ шинонида шудаанд.  Инчунин, дар ин давра 1,5 гектар токзори нав бунёд шуд. Дар маҷмӯъ 640,8 гектар боғ ва 41,5 гектар токзор аз нав барқарор гардида, 7,4 ҳазор адад ниҳоли тут шинонида шуд.

Апрель 24, 2018 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад