Дар марзи давлатӣ интиқоли аслиҳа ва маводи мухаддир пешгирӣ гардид

Апрель 20, 2018 15:27

ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 2 адад яроқи оташфишони АКМС, 10 адад тирдон, 270 дона тири қутраш 7,62 мм, инчунин 3 кг 500 гр маводи нашъадори афюн,  32 кг ҳашиш ва  10 кг  героин аз қочоқбарони афғон дарёфт ва мусодира гардид.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ “Ховар” хабар дода, зикр намуд, ки интиқоли аслиҳа ва маводи мухадирро хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаи назоратии дидбонгоҳи сарҳадии “Сайёд”-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» зимни амалиёти муштарак пешгирӣ намуданд.

“19 апрел соати 12:30 дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ байни қочоқбарони афғон иборат аз 6-7 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони КДАМ ҶТ задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷа 1 нафар қочоқчӣ захмдор ва се нафари дигар безарар гардонида шуданд. Боқимонда қочоқбарони афғон тариқи қамишзор ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд”,-илова намуд М. Улуғхоҷаев.

Аз ҷониби мақомоти дахлдор оид ба ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Апрель 20, 2018 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад