ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ СИЛ МУТТАҲИД МЕШАВЕМ! Хабарнигори Радиои «Ховар» сазовори ҷоизаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва USAID гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигори Радиои «Ховар» Азизаи САИД сазовори ҷоизаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи пешгирӣ ва табобати бемории сил гардид.
Бояд зикр намуд, ки беш аз 30 нафар намояндагони ВАО дар Озмуни имсолаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва USAID барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзўи бемории сил иштирок намуда, бо диплому ифтихорнома ва сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин табибон, ҳамшираҳои шафқат, фаъолони маҳаллӣ ва ихтиёриёне, ки дар баланд бардоштани сатҳи табобату пешгирии бемории сил дар кишвар ва маълумотнокии аҳолӣ дар бораи ин беморӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо ифтихорномаву туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупорӣ 13 апрел дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таҳти унвони «Дар мубориза бар зидди бемории сил муттаҳид мешавем» баргузор гардида, дар он кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, табибону рӯзноманигорон аз саросари ҷумҳурӣ ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.










Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






