Дар нахустин рӯзи даъват ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аввалин шуда, маъракаи даъвати баҳории наваскаронро анҷом дод

Апрель 3, 2018 15:02

ХУҶАНД, 03.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат нахустин шуда, миёни 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маъракаи даъватро анҷом доданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ба муносибати гусели аввалин гурӯҳи наваскарон 2 апрел дар маркази ноҳия бо иштироки роҳбарияти ноҳия, масъулини комиссариати ҳарбӣ, волидони сарбозони оянда ҷамъомад ва барномаи  фарҳангӣ доир гардид.

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода ва волидони сарбозон хизмати ҳарбиро мактаби ҷасорату мардонагӣ, ифтихор аз давлатдорӣ ва садоқату эҳтиром ба Ватани маҳбуби худ  унвон карданд.

Ҳамзамон маросими гусели аввалин наваскарони вилояти Суғд ба  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ 7 апрел дар маркази вилоят- дар варзишгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назар аст. Дар маҷмӯъ имсол ба маъракаи даъвати баҳорӣ қариб  дуюним  ҳазор нафар ҷавонон сафарбар карда мешаванд.

Хотиррасон бояд кард, ки даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳамасола аз 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май идома меёбад.

Апрель 3, 2018 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад