Дар ноҳияи Ашт дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод” ифтитоҳ гардиданд

Апрель 20, 2018 14:34

ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар ноҳияи Ашт ду дидбонгоҳи сарҳадӣ — “Пунук” ва “Меҳробод” мавриди истифода қарор гирифтанд.

Тавре сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, дар маросими ба истифода додани ин дидбонгоҳҳо Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок доштанд.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров зимни суханронӣ дар  маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳробод” зикр кард, ки таъмини сулҳу субот ва якпорчагии ҳар як давлат аз мустаҳкам будани сарҳади давлатӣ вобастагии калон дорад, ки ҳифзи боэътимоди он бе фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат барои сарҳадбонон аз имкон берун аст.

Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд, аз ҷумла, хобгоҳи сарбозон, ки мутобиқ ба меъёрҳои хизмати ҳарбӣ сохта шудааст, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дод.

Дар бинои асосии дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳробод” утоқҳои корӣ барои афсарон, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шуда, дар ин ҷо, пеш аз ҳама, барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ аз техникаву технологияи пешрафта васеъ истифода мебаранд.

Фармоишгари иншооти мазкур ширкати саҳомию холдингии “Барқи тоҷик” буда, корҳои сохтмониро бинокорони ҶДММ “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ бо маблағи 18 миллион сомонӣ ба анҷом расонидаанд.

Дар ин рӯз ҳамчунин дидбонгоҳи сарҳадии “Пунук” ба истифода дода шуд. Дидбонгоҳи мазкур бо маблағи панҷ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ шуд, бунёд гардида, корҳои сохтмонии онро ҶДММ “Ашти калон”-и ноҳияи Ашт ба анҷом расонид.

Апрель 20, 2018 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд