Дар ноҳияи Лахш барқарорсозии каналҳои Пиёзӣ ва Ғулама, ки зиёда аз 2700 гектар замини картошкаро обёрӣ менамоянд, босуръат ҷараён дорад

Апрель 4, 2018 15:22

ЛАХШ, 4.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зиёд намудани майдони кишти картошка ва истеҳсоли он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин як зумра дастуру супоришҳо дода  шуданд. Дар робита ба ин супоришҳо айни замон дар ноҳияи Лахш тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Соли гузашта бинобар сабаби фаромадани селу тарма чанд канали ноҳия  хароб гардида буд. Аз ҷумла, саргаҳи канали Пиёзӣ ва қубурҳои он корношоям гардиданд. Ҳолати табиии ба амал омада, дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт. Барои  пурра барқарор сохтани канали Пиёзӣ аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  35 тонна семент, 10 ҳазору 770 литр сўзишвории дизелӣ, 7 тонна арматур ва  400 кг швеллер ба ноҳияи Лахш ворид гардид. Айни замон корҳои барқарорсозию тоза намудани канали Пиёзӣ босуръат ҷараён дошта, зиёда аз 1000 нафар сокинону деҳқонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ваҳдат ва Ҷиргатол дар ҳашарҳои умумӣ иштирок доранд.

Ҳукумати  ноҳияи Лахш баҳри   барқарорсозии канали мазкур аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, техникаҳои зарурӣ дастрас намудааст. Масофаи канали мазкур 16 км-ро ташкил намуда, он зиёда аз 1000 гектар заминро обёрӣ менамояд. Тибқи иттилои масъулини ноҳия, то мавсими кишти картошка харобиҳои канали мазкур пурра барқарор мешаванд.

Инчунин канали Ғулама, ки зиёда аз 1700 гектар замини корамро обёрӣ менамуд ва масофаи он 94 км  мебошад, дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар  дид. Айни замон он бо кумаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва қувваи сокинони ноҳия таъмир гардида истодааст.

Соли равон дар ноҳияи Лахш мувофиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 3 ҳазор гектар заминҳои сохтори кишоварзӣ бояд картошка кишт намоянд. Барои ноил гардидан ба ин ҳадафи бузург масъулини ноҳияи Лахш тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои омодагӣ босуръат ҷараён доранд.

Апрель 4, 2018 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд