Дар ноҳияи Рӯдакӣ ду бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт

Апрель 9, 2018 09:16

ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Мингичари Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ду бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ба истифода додани биноҳо роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, Сафорати Франсия дар Тоҷикистон ва сокинони деҳот иштирок намуданд.

Бунёди ин биноҳои муосири таълимӣ дар ин ҷамоат нишони пуштибонӣ аз иқдомҳои созандаю ободонии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби шарикони рушд дар самти сохтмони иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад. Зеро мактаби нав бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби 56 донишҷӯи Донишгоҳи сохтмонии Англетаи Франсия бо харҷи 1 млн. сомонӣ  аз ҳисоби стипендияи солонаи худ ҳамчун кори дипломӣ дар тӯли 50 рӯз бунёд гардидааст. Хатмкунандагони мактаби олии сохтмонӣ ин биноҳоро бо масолеҳи сохтмонии аз ҷиҳати экологӣ тоза ба таври замонавӣ бунёд намуданд, ки ба тамоми талабот ҷавобгӯ мебошанд. Илова бар ин, муассисаи мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо мизу курсӣ, ҷевонҳои китоб, тахтаҳои синфӣ, компютер ва принтерҳо таъмин карда шуд.

Биноҳои нав якошёна ва дорои 6 синфхона буда, дар онҳо илова ба фанҳои асосии таълимӣ, инчунин маҳфили ҳунарҳои миллӣ ташкил карда шудааст. Биноҳои иловагӣ барои 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, ба онҳо омӯзгорони соҳибкасб таълиму тарбия медиҳанд. Тавре масъулини соҳаи маорифи ноҳия зикр намуданд, бинои қаблии мактаб дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ кӯҳнаю фарсуда шуда, зарурати бунёди таълимгоҳи нав ба миён омада буд.

Дар суҳбат бо толибилмони мактаб роҳбарияти ноҳия онҳоро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла, забони давлатӣ ҳидоят намуданд. Зеро аксари хонандагони мактаб ӯзбекзабон мебошанд ва донистани забони давлатӣ барои онҳо ҷиҳати идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ ва дарёфти кор хеле муҳим аст.

Иштирокдорон баъди шиносоӣ бо шароити синфхонаҳои ин муассисаи таълимӣ аз намоиши ҳунарҳои анъанавӣ ва урфу одатҳои аҷдодӣ, ки  дар саҳни бинои муассиса сокинони деҳоту ҷамоати ноҳия ташкил карда буданд, дидан карданд. Меҳмонон ба ҳунарҳои дастии тоҷикону ӯзбекон, ки дар ин ҷамоат аҳлонаву дӯстона умр ба сар мебаранд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар намоишгоҳ намунаи ҳунари ҳунармандони ин ноҳия, аз ҷумла, табақтарошӣ, қуроқу кашидадӯзӣ, лӯхтакдӯзӣ, атласу адрасбофӣ, кулолгарӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Сипас, бо иштироки омӯзгорону сокинони ин деҳот ҷамъомад доир гардид. Муовини якуми Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳматулло Мирбобоев ифтитоҳи бинои нави мактабро ба аҳли муассиса табрик гуфта, оид ба дастовардҳои соҳаи пешбарандаи ҷомеа-мактабу маориф, талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат баҳри беҳдошти шароити иҷтимоии мардум ибрози андеша намуд.

Апрель 9, 2018 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад