Дар шаҳри Исломобод таҳти унвони «Тоҷикистон-Покистон: кашфи самтҳои нави ҳамкории дуҷониба» конфронс баргузор гардид

Апрель 12, 2018 11:19

ДУШАНБЕ, 12.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар шаҳри Исломободи Покистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Покистон (CGSS) таҳти унвони «Тоҷикистон-Покистон: кашфи самтҳои нави ҳамкории дуҷониба» конфронс баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР, ки дар конфронс иштирок дошт, хабар дод.

Дар кори конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони марказҳои илмию тадқиқотии кишвари иқомат, сафирони давлатҳои хориҷӣ ва дигар аъзои корпуси дипломатӣ, рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, молиявӣ ва саноатии Покистон иштирок намуданд.

Конфронсро Президенти Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Покистон Муҳаммад Зоҳир-ул-Ислом ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ ҷанбаҳои калидии муносибатҳои дуҷонибаро бо Покистон  тафсир дод.

Ӯ, аз ҷумла, афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке ҳамсояҳои наздики Покистон буда, ҳар ду кишвар дорои муштаракоти фарҳангӣ ва таърихӣ мебошанд.

«Иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дар ҷаҳон бузургтарин ва нодиртарин мебошанд ва бо инобати эҳтиёҷоти рӯзафзуни Покистон ба қувваи барқ бояд ба рушди ин самт байни ду кишвар аҳамияти махсус дода шавад», — зикр намуд Муҳаммад Зоҳир-ул-Ислом.

Сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо дар мавзӯи  сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва равобити он бо кишварҳои минтақа, сардори раёсати тадқиқоти мушкилоти иҷтимоии маркази мазкур Абдураҳмон Қурбонов дар мавзӯи робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Покистон, намояндаи вазорати корҳои хориҷӣ Маъруф Абдураҳмонов дар бораи таърихи 25-солагии равобити дипломатӣ байни Тоҷикистону Покистон ва вазифаҳои дар пешистода, инчунин Сафири Тоҷикистон Шералӣ Ҷононов дар мавзӯи «лоиҳаи CASA-1000 ва имкониятҳои нави ҳамкории ду кишвар дар соҳаи энергетика» маърӯзаҳо намуданд.

«Лоиҳаи CASA-1000 ба манфиати тамоми минтақа буда, ба коҳиш додани норасоии неруи барқ дар Покистон мусоидат менамояд, — зикр намуд Ш. Ҷононов. – Тоҷикистону Покистон комиссияи муштарак оид ба рушди ҳамкории энергетикӣ таъсис додаанд ва айни ҳол барои омода намудани санадҳои муҳим ва ба имзо расонидани онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд».

Ҳамчунин аз ҷониби Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Покистон (CGSS)  собиқ котиби федералии Покистон оид ба иттилоот  Ашфақ Аҳмад Гондал дар мавзӯи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи иттилоот,  аъзои Шӯрои Маркази мазкур, сафир Амҷад Маҷид Аббосӣ дар мавзӯи «Назаре ба ҷанбаҳои таърихии рушди муносибатҳои дуҷониба» ва роҳбари бонки «SilkBank» Ҷавод Маҷид дар бораи дурнамои ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоии Тоҷикистону Покистон маърӯзаҳо карданд.

Дар фарҷоми конфронс иштирокдорон зикр намуданд, ки робитаҳои Тоҷикистону Покистон дар ҳамаи самтҳо бемайлон рушд меёбанд. Таъкид гардид, ки иқтидорҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон хеле бузурганд ва бояд ҳамкории илмию тадқиқотӣ тавсеа дода шавад, то он тавонад ба кӯшишҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо таҳдид ва мушкилоти нав мусоидат намояд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ҳошияи конфронси мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони як зумра вазорату идораҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон, аз ҷумла, бо Мушовири амнияти миллии Покистон Носирхон Ҷанҷуа, Президенти ҷамъияти рӯзноманигорони умумипокистонӣ Сармад Алӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Файсал, сармуҳаррири рӯзномаи «Daily Herald» Ғулом Акбар ва дигарон вохӯриҳои судманд анҷом дод.

Зимни вохӯриҳо доир ба рушду тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла фарҳангу иттилоот, сайёҳӣ ва тадқиқоти муштарак табодули афкор сурат гирифт.

Апрель 12, 2018 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд