Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» оғоз гардид

Апрель 24, 2018 16:51

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи оғоз гардидани «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ», ки 23-29 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад муовини якуми Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Сардори Намояндагии Хазинаи Кудакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини, Сардори Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич,  намояндагони   як зумра идораҳои марбута ва кормандони соҳаи тиб иштирок намуданд.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни суханронии худ зикр кард, ки  ҳамасола бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии   Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва бо иқдоми бевоситаи Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» гузаронида мешавад.

Сардори Намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич дар навбати худ изҳор дошт, ки гузаронидани «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» барои ҷалб намудани диққати аҳолӣ ба эмгузаронӣ ҳамчун яке аз усулҳои асосии пешгирикунандае, ки инсонро аз бемориҳои сирояти эмин нигоҳ медорад, маънидод мегардад. Мақсади  «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» пешгири намудан ва муҳофизат кардани  кӯдакон аз сироятёбӣ мебошад».

Бояд гуфт, ки ҳамасола «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» ба мавзӯъҳои гуногун бахшида мешавад. Соли равон ҳафтаи мазкур ба мавзӯи «Ваксинаҳо амал мекунанд» бахшида шудааст.

Эмгузаронӣ ҷиҳати пешгирии маризиҳои фалаҷ ва гепатити В, бемории сил, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, гемофилии типи b, гепотити В, фалаҷ ва сирояти ротавирусӣ, сурхча, гулафшон ва дигар бемориҳои сироятӣ барои кӯдакони то 6-сола пешбинӣ шудааст.

Апрель 24, 2018 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад