Дар Тоҷикистон Ҳафтумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилоти Россия-2018» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 апрели соли равон дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе Ҳафтумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилоти Россия-2018» оғоз гардид.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар намоишгоҳи мазкур роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳои он, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони донишгоҳҳои Россия ширкат мекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ намояндагони 28 муассисаҳои таҳсилоти олии Россия иштирок доранд.
Инчунин зикр гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони ин муассисаҳои таълимӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон, ки хоҳиши таҳсил дар мактабҳои олии Россия доранд, дар бораи таълимгоҳҳои мазкур маълумот дода, онҳоро бо касбу ихтисос ва шароити таҳсил шинос менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар намоишгоҳ давоми ду рӯз тибқи нақша гузарондани чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла, вохӯрӣ, гуфтушунидҳо, имзои шартномаю тавофуқномаҳо байни донишгоҳҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳамкорӣ ва таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои ҳамдигар пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






