Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то охири ҳафта идома меёбад

Апрель 10, 2018 08:07

ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 метр боридани барф дар назар аст.

Имрӯз, 10 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки боронӣ шуда, дар баландиҳои 2000 метр эҳтимоли боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат  пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шабона дар водиҳо 6-11 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат шабона 7-9 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 10, 2018 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад