Дар Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрели соли равон дар саросари ҷумҳурӣ силсила чорабиниҳои варзишӣ таҳти шиори «Варзиши дастрас: Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз» баргузор мегарданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз баргузор намудани силсила чорабиниҳои варзишӣ тарғиби бозиҳои шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз, инчунин оммавӣ гардонидани онҳо мебошад.
Ба иттилои манбаъ, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивали мазкур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои дар боғҳои фарҳангиву фароғатӣ насб кардани мизҳои тенниси хурд, инфрасохтор барои бозии шоҳмот ва ба ин васила рушд додани ин намудҳои варзиш вазифадор карда шудаанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






