Дар Украина ба муносибати оғози татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» брифинг баргузор гардид

Апрель 28, 2018 11:26

ДУШАНБЕ, 28.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова   дар шаҳри Киев дар Маркази матбуотии Дирексияи генералӣ оид ба хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ бахшида ба оғози татбиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг доир гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин чорабинӣ роҳбари Дирексияи генералӣ оид ба хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ Павел Кривонос, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Украина, корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Украина ширкат варзиданд.

Дар оғози брифинг навори видеоӣ вобаста ба ташаббус ва иқдомҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба намоиш гузошта шуд.

Зимни суханронӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова Файзулло Холбобоев зикр намуд, ки ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори нахуст аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея ироа гардид. Мутобиқи Қатъномаи номбурда, давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид, ки он аз 22 марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии об) оғоз гардида, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, соли 2003 бо ташаббуси Тоҷикистон соли оби тоза ва инчунин Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005 — 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон гардида буд. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» қабул намуд.

Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат хоҳад кард.

Сафири Точикистон ба ҳозирин оид ба мақсади баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба Даҳсолаи нави об, ки 20-22 июни соли 2018 дар Душанбе дар назар дошта шудааст, маълумоти мухтасар манзур намуда, аз ҳамаи ҷонибҳо  ва шахсони манфиатдор, созмонҳои байналмилалӣ барои иштироки фаъол дар кори конференсияи мазкур даъват ба амал овард.

 

Апрель 28, 2018 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад