Дастаи Мактаб-интернати давлатии кӯдакони имконияташон маҳдуди Хуҷанд дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ комёб гардид
ХУҶАНД, 06.04.2018 /АМИТ«Ховар»/. Дастаи 10-нафараи хонандагони Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд дар мусобиқоти варзишии ҷумҳуриявӣ байни кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки аз ҷониби масъулини котиботи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир шуд, ғолиб гардид. Дастаи мазкур аз рӯи се намуди варзиш: тенниси рӯи миз, варзиши сабук ва футбол соҳиби 19 медал — 4 медали тилло, чор медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз шуъбаи маъорифи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ҳамзамон аъзои даста барои иштирок дар бахши намоиши корҳои дастӣ, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида буд, ба гирифтани ҷои ифтихории дуюм ва Сипосномаи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Баъди анҷоми мусобиқот иштирокдорон аз мавзеъҳои фарҳангию фароғатии пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе дидан намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






