Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар АМА вохӯрии дӯстона анҷом медиҳад

Апрель 4, 2018 11:13

ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи мунтахаби ҷавонони то 19- солаи Тоҷикистон дар доираи бозиҳои даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дидорҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дастаи  мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон  дар шаҳри  Дубай дар ҷамъомади таълимию тамринӣ, ки аз 9  то 15  апрел баргузор мешавад,  бо ҳамсолони худ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Баргузории ин бозиҳо рӯзҳои 11  ва 14  апрел дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё-2018 байни  дастаҳои мунтахаби  то 19- сола аз 18 октябр то 4 ноябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта, Бекасӣ, Сикаранг, Сибинонг ва Бандунги Индонезия баргузор мешавад.

Рақиби дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон  дар гурӯҳ баъд аз қуръакашии даври ниҳоӣ муайян мешавад.

 

Апрель 4, 2018 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад