«Дастрасӣ ба иттилооти судӣ», — семинари омӯзишӣ дар шаҳри Бохтар

Апрель 23, 2018 11:49

ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар  шаҳри  Бохтари вилояти  Хатлон  семинари  дурӯза  дар  мавзӯи  «Дастрасӣ  ба  иттилооти  судӣ»  ба  кори  худ  оғоз  намуд, ки дар он хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Мурод Сотиев низ иштирок дорад. 

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар  оғози  семинар Директори  Маркази таълимии  судяҳо дар  назди  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳ  Завқизода баромад  намуда,  зикр  кард, ки мавзӯи семинар саривақтӣ мебошад ва дар инъикоси  фаъолияти суд, дастрасии рӯзноманигорон ба иттилоот ва иттилоънокии  ҷомеа нақши муҳим мебозад.

«Айни  ҳол  дар  ҷумҳурӣ  тамоми шароитҳо  барои  дастрасӣ  муҳайё  буда,  қонунҳои  марбута дастрасӣ  ба  иттилоотро  таъмин  менамоянд.  Муҳим, ки  кор  дар  самти  ҳамкорӣ  бо  ВАО  дастрасии  ҷомеа  ба  иттилооти  судӣ ва  пешниҳод  кардани  иттилооти  саҳеҳ ба  ҷомеа  хуб  ба  роҳ  монда  шавад»,— иброз дошт Солеҳ Завқизода.

Бояд зикр намуд, ки  семинари  мазкур  аз  тарафи  Суди Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ҳамкорӣ  бо  шарикон —  Барномаи  рушди Созмони  Миллали  Муттаҳид  баргузор  мегардад.

Дар  давоми  ду  рӯз  иштирокдорон -кормандони  судҳои шаҳру навоҳии  вилояти Хатлон ва рӯзноманигорон  оид ба  табодули таҷрибаи миллӣ ва  ҷаҳонӣ  оид ба  дастрасӣ  ба  иттилоот,  заминаҳои  ҳуқуқии  ҳамкории  судҳо  ва ВАО,  риояи  меъёрҳои  ахлоқӣ  ва  дурнамои  рушди  ҳамкории  судҳо  ва  ВАО  маълумот  гирифта, табодули назар менамоянд.

Дар  кори  семинар  корманди калони  илмии Донишкадаи фалсафаи Академияи илмҳои Россия, номзади илмҳои фалсафа Сергей  Чижков низ иштирок дорад.

 

Апрель 23, 2018 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд