ДАВ БАРОИ ХУШҲОЛӢ. Дар Тоҷикистон бори аввал таҳти ин ном чорабинии варзишӣ баргузор мегардад

Апрель 19, 2018 13:03

ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар Боғи «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё чорабинии варзишии «Дав барои хушҳолӣ» баргузор мегардад.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чорабинии варзишии «Дав барои хушҳолӣ» аз соли 2006 инҷониб таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё бо мақсади баланд бардоштани донишу маърифати сокинони кишварҳои қора оид ба аҳамияти Бозиҳои Осиё, оммавияти варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва арзишҳои умумибашарии Ҳаракати олимпӣ қабл аз Бозиҳои Осиё таҳти шиори «Неруи Осиё» роҳандозӣ мегардад.

Шӯрои олимпии Осиё баргузории чорабинии мазкурро дар қаламрави 45 кишвари Осиё ба нақша гирифтааст, ки дар меҳвари аслии он таблиғу ташвиқи 18-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё дар Ҷакарта/Паленбанги Индонезия қарор мегирад.

Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолӣ бори аввал соли 1994 дар Бозиҳои Осиё ширкат кард ва то имрӯз 21 медал, аз ҷумла, 4 медали тилло ба даст овардааст.

Дар чорабинӣ иштироки намояндагони Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё-2018 дар назар аст.

Апрель 19, 2018 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон