Даври сеюми Ҷоми КФО: «Истиқлол» бо «Алай» вориди рақобат мешавад
ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо ширкати дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Алай»-и Қирғизистон баргузор мегардад. Ба ин муносибат имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и пойтахт бо иштироки сармураббиён ва бозингарони дастаҳои мазкур нишасти матбуотӣ доир гардид.
Сармураббии дастаи «Истиқлол» Мӯҳсин Муҳаммадиев гуфт: «Аз ду бохти дастаи «Алай» бо натиҷаи 6:3 ва 5:0 аз дастаҳои «Алтин Асир» ва «Аҳал»-и Туркманистон хулоса бароварда, осуда шудан мумкин нест, баръакс, мо тавре бояд бозӣ кунем, ки мухлисонро шод гардонида, мавқеамонро дар ҷои аввал боз ҳам устувор гардонем. Ба ин ман боварӣ дорам ва рӯҳияи бозингарон низ болида аст».
«Истиқлол»-и Душанбе баъди аз даста рафтани 7 нафар бозингаронаш дар мавсими нави футбол тарҳу равиши бозиашро тағйир дода, тадриҷан сабку услуби худро пайдо мекунад. Дарвозабони даста Никола Стошич ҳамаи мухлисонро барои дастгирӣ ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор даъват карда, аз омода будани бозингарон хабар дод.
Сармураббии дастаи «Алай»-и Қирғизистон Немат Кошоков новобаста ба 11 тӯбе, ки дар ду вохӯрӣ дарвозабони «Алай» ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абдуазиз Маҳкамов аз дарвозааш гирифтааст, ба ӯ боварӣ дорад ва хати ҳимояро дар ин шикастҳо гунаҳкор медонад.
Ба ҳамин тартиб, дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон баъди ду вохӯрӣ бо касби 4 имтиёз дар зинаи аввали раддабандии гурӯҳи «Д» қарор дорад. Ҳамин миқдори холҳоро «Алтин Асир»-и Туркманистон низ соҳиб аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






