Директори бахши Авруосиёи Институти бостоншиносии Германия ба Тоҷикистон меояд

Апрель 18, 2018 08:49

ДУШАНБЕ, 18.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрели соли равон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов директори бахши Авруосиёи Институти бостоншиносии Германия профессор Свенд Ҳансенро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Германия дар бахши бостоншиносӣ табодули афкор намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки айни замон бо дастгирии ҷониби Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду лоиҳа муваффақона амалӣ гардида истодаанд. Профессор Ҳансен иброз дошт, ки бо даъвати ҷониби тоҷикистонӣ рӯзҳои наздик ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷомдода, бо ҳамтоёни худ аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш мулоқот менамояд.

 

Апрель 18, 2018 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд