ДЗЮДО: варзишгарони ҷавони тоҷик дар Тошканд соҳиби 5 медали Ҷоми кушоди Осиё гардиданд!

Апрель 17, 2018 09:21

ДУШАНБЕ, 17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар  Ҷоми  кушоди  Осиё оид ба дзюдо  миёни  ҷавонон, ки 14-15 апрел дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон доир   гардид, 5 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқа 172 варзишгар аз 7 давлат, аз ҷумла аз Тоҷикистон 37 варзишгар (36 нафар миёни писарон ва 1 нафар миёни духтарон) иштирок намуданд. Паҳлавонони  ҷавони тоҷик  Қувватов Муҳаммадризо дар вазни -60 кг медали тилло, Шоҳида Қаландарова дар вазни -57 кг миёни бонувон ва Шарифҷон Қурбонов дар вазни -55 кг миёни писарон медали нуқра, Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни -66 кг ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни -55 кг медали биринҷии мусобиқаро ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон, ки 12-13 апрели соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, паҳлавонони навраси тоҷик иштирок намуда, соҳиби се медал — 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.

Ҳоло варзишгарони тоҷик ба Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон, ки  10-13 майи соли равон дар шаҳри Бейрути Лубнон доир мешавад, омодагӣ мебинанд. Барои иштирок дар чемпионати мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар миёни наврасон ва 11 нафар миёни ҷавонон сабти ном шудаанд.

Апрель 17, 2018 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид