ДЗЮДО: Ёқубҷон Назиров дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия соҳиби медали тилло гардид!

Апрель 16, 2018 10:02

ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Паҳлавони ҷавони  тоҷик  Ёқубҷон Назиров 14-15 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардид.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ёқубҷон дар вазни -90 кг дар даври муқаддамотӣ ҳарифонаш Деймон де Вос (Голландия) ва Имеда Гоголадзе (Грузия)-ро мағлуб карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар нимфинал Санширо Мурао аз Япония ва дар финал варзишгари дигари голландӣ Том Бонешанскарро шикаст дода, медали тиллои мусобиқаро ба даст овард.

Бояд зикр кард, ки дар мусобиқаи  мазкур  259 варзишгар аз 16 давлати ҷаҳон иштирок карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баробари Ёқубҷон Назиров 7 варзишгари дигар — Мулораҷаб Халифаев, Суруш Тавакалов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Хушвақт Идиев, Файзалӣ Маҳмадов (-81 кг) ва Темур Маҳмадов (-90 кг) намояндагӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки   дар ҳисоби даставӣ дастаи мунтахаби   Россия бо 8 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Дастаи  мунтахаби  Япония бо 5 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷойи дуюм ва дастаи  мунтахаби  Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷойи сеюмро ишғол карданд. Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 ҷои ҳафтум дар мақоми панҷум ҷой гирифт.

Апрель 16, 2018 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст