Фазои солими сармоягузорӣ — кафолати ҷалби сармояи хориҷӣ

Апрель 24, 2018 09:37

ДУШАНБЕ, 24.04.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Миёни ширкати франсавии «Thales» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оид ба ҷиҳозонидани  «Манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе» бо таҷҳизоти муосиру замонавии аэронавигатсионӣ мувофиқа ба даст омад. Дар ин бора зимни мулоқоти муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо  муовини президенти ширкати «Thales» Оливе Ашар, ки чанде қабл дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.  

Дар ин мулоқот ҳамчунин Сафири Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, сардори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Франсия «Манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе» ҳамчун кумак дар рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон сохта, ба истифода дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ширкати франсавии «Thales» яке аз ширкатҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ба шумор рафта, дар раддабандии сифатнокии таҷҳизот ва расонидани чунин намуд хизматрасониҳо дар ҷаҳон мақоми сеюмро ишғол менамояд. Дар он беш аз 70 ҳазор нафар мутахассисон фаъолият намуда, гардиши солонаи молиявии он зиёда аз 16 миллиард евроро ташкил мекунад

Махсус бояд зикр намуд, ки таҷҳизоти аэронавигатсионии ин ширкат аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Афғонистон истифода мегардад.

Новобаста аз он, ки корҳои муҷаҳҳазгардонӣ ва  васлу насби таҷҳизот то нимаи аввали соли 2019 ба анҷом расонида шаванд ҳам, ҳамкории шарикии корхонаи ватанӣ бо ин Ширкат дар ҳамин лоиҳа то соли 2021 идома хоҳад ёфт.

Бешак далели омадани чунин намуд ширкатҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ба бозори Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо ширкатҳои ватанӣ ифодакунандаи боварӣ ва солимии фазои сармоягузорӣ кишвар буда, барои дар оянда ҷалб намудани сармояи бештари хориҷӣ ба иқтисоди кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Апрель 24, 2018 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид