ФУТБОЛ: 24 ва 27 апрел дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Уммон бозии дӯстона анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 бо дастаи футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Уммон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии аввали дӯстона миёни дастаҳои футболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Уммон 24 апрел ва бозии дуввум 27 апрел баргузор мегардад. Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 шурӯъ хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






