ФУТБОЛ: дар лигаи якуми Тоҷикистон 14 даста иштирок мекунанд

Апрель 13, 2018 10:12

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон оғоз меёбад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тавре гуфта мешавад, дар ин мавсим дар лигаи якум 14 даста —  «Истаравшан»-и  Истаравшан, «Локомотив — Помир»-и Душанбе, «Зарбдор»-и   Исфара, «Саройкамар»-и   Панҷ, «Равшан»-и  Кӯлоб, «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун, «Зарафшон»-и   Панҷакент, «Ҳулбук»-и  Восеъ, «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, «Шоҳин»-и  Муъминобод, «Сомон»-и Данғара, «Эсхата»-и  Хуҷанд, «Душанбе-83»-и   Душанбе  ва «Ваҳдат»-и  Ваҳдат ширкат меварзанд.

Бар асоси қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқаи имсола дар даври аввал ҳафт бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Зарбдор» – «Эсхата», «Равшан» – «Шоҳин», «Истаравшан» – «Ваҳдат», «Локомотив-Помир» – «Душанбе-83», «Саройкамар» – «Сомон», «Дӯстӣ» – «Парвоз» ва «Зарафшон» – «Ҳулбук» баргузор мегардад. Бозиҳои даври аввал рӯзҳои 14-ум ва 15-уми апрел сурат мегиранд.

Мусобиқаи имсола аз ду давра хохад буд. Ҳар як даста 26 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи аввалро ишғол мекунад, соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ дар мавсими соли 2019 мегардад. Дастае, ки ҷойи дуюмро касб менамояд, бо дастае, ки дар мусобиқаи лигаи олӣ-2018 дар ҷойи пешазохирин қарор мегирад, барои ба даст овардани ҳаққи иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар мавсими соли 2019 қувваозмоӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи соли гузаштаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «Кӯктош» анҷом ёфта буд. Футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ феълан дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ширкат доранд.

 

 

Апрель 13, 2018 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад