ФУТБОЛ: дастаи  «Хуҷанд» дар ҷадвали Лигаи олӣ ҳамоно пешсаф аст

Апрель 10, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бозии марказии даври 4-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ин рақобати шадид бо ҳисоби 2:1 ба нафъи соҳибони майдон хотима ёфт. Аз ҳайати дастаи «Хуҷанд»  голҳоро Ҷаҳонгир Эргашев ва Дилшод Бозоров ба ҳадаф расониданд. Ягона голи ҷавобиро ба дарвозаи хуҷандиҳо Саидамири Саидаҳмад ворид сохт.

Дар бозии дигари даври мазкур дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ду голи дастаи КМВА «Помир»-ро бозингари зархариди эронитабор Муҳаммад Алипур ба нишон  расонид. Барои дастаи КМВА «Помир» ин аввалин ғалаба дар мавсими ҷории мусобиқоти Лигаи олии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бояд  зикр кард, ки  бо натиҷагирӣ аз 4 давр дар ҷадвали чемпионат  ҳамоно  дастаи «Хуҷанд» дар ҷои аввал аст. Дастаи  «Истиқлол», ки як бозӣ кам анҷом додааст, бо фарқи як тӯб дар мақоми дуюм ҷой гирифтааст. Сегонаи аввалро КМВА «Помир» бо 6 хол ҷамъбаст мекунад.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои даври панҷум 13, 14 ва 17 апрел ба нақша гирифта шудааст. Дастаи футболи  «Истиқлол» дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи «Хуҷанд»-ро қабул мекунад. Дастаи «Хатлон» бо «Куктош» (13 апрел), «Регар-ТадАЗ» бо «Панҷшер» (14 апрел) ва «Барқчӣ» бо КМВА «Помир» (17 апрел) вориди майдон мешаванд.

 

Апрель 10, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад