ФУТБОЛ: дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Динамо»-и Самарқанд бозии дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон бо дастаи футболи «Динамо»-и шаҳри Самарқанди Ӯзекистон дидори дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дидори дӯстона байни дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Динамо» 20 апрели соли равон соати 17:00 дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад.
Бояд зикр намуд, ки дастаи футболи «Динамо»-и Самарқанд ин мавсим дар лигаи касбии футболи Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






