ХИЗМАТ БА ВАТАН-ИФТИХОРИ ҶАВОНМАРДОН. Наваскарон ба ҳимояи Ватан раҳсипор мегарданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат оғоз шуд ва гурӯҳи аввалини ҷавонписарон барои ба хизмати ҳарбӣ омода гардидан аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Ба ин муносибат дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, дар ҷамъомад раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло сухан намуда, хизмат дар сафи Артишро шарафу ифтихори ҷавонмардӣ арзёбӣ намуд.
Дар ҷамъомад роҳбарияти комиссариати ҳарбӣ, модарони даъватшавандагон ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб иброз намуданд, ки ҷавонони Кӯлобшаҳри бостонӣ қарзи ватандории худро ҳамчун ворисони бонангу номуси гузаштагони худ сарбаландона иҷро намуда, марзу буми кишварро бо дилу ҷон ҳифз менамоянд. Онҳо бо ин амали хеш садоқати худро ҳамчун муҳофиз ва такягоҳи боэътимоди Ватан исбот месозанд.
Дар ҷамъомад ба наваскарон барои ҳимояи Ватани аҷдодӣ роҳи сафед ва далерӣ таманно гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






