Хонандаи Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ» Далер Пиров дар олимпиадаи Москва аз беҳтарин нанотехнологҳо дониста шуд

Апрель 3, 2018 16:53

ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз як гурӯҳ мактаббачагони тоҷик, ки дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба технологияи муосир (нанотехнология) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардида буд, ба ватан баргаштанд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз  Литсей-интернати  Тоҷикистону  Россия «Ҳотам ва ПВ»   хабар доданд,   дар ҳайати  гурӯҳи мазкур хонандагони синфи 9 Далер Пиров ва Темур Саломатшоев, ҳамчунин хонандаи синфи 10 Фараҳманд Ҳасанов аз гимназияи мазкур  шомил буданд.

Ба иттилои манбаъ, олимпиада   аз 25 то 31 марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В. Ломоносов  баргузор гардид. Дар он 9 ҳазору 453 нафар  хонандагон, донишҷӯён, аспирантон ва донишмандони ҷавон аз 28 кишвари дунё дар марҳилаҳои гуногун   ширкат намуданд.

Тибқи талаботи озмун, дар олимпиада 5-6 нафаре, ки холҳои аз ҳама бештарро аз рӯи фанҳои математика, физика, химия ва биология бо назардошти самти нанотехнологӣ соҳиб шуданд, ғолиб дониста мешаванд. Дар ин гурӯҳ   Далер Пиров  дар миёни ҳамсолони худ яке аз нафарони фаъол ва аз беҳтарин нанотехнологҳо шинохта шуда, ғолиби озмун гардида, бо дипломи дараҷаи якум ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуд.

Ҳамчунин Темур ва Фараҳманд барои иштироки фаъолона бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки олимпиадаи мазкур яке аз олимпиадаҳои сатҳи мураккаб  ба шумор меравад ва ғолибони он метавонанд бе супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ донишҷӯи дилхоҳ донишгоҳ шуда, гирандаи гранти Президенти Федератсияи Россия  гарданд.

Апрель 3, 2018 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд