ХУҶАНД: Масъалаи бунёди роҳи сайругашт ва саёҳатии арғамчинӣ дар иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардид

Апрель 18, 2018 11:01

ДУШАНБЕ, 18.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар доираи тадбирҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати ба макони фароғатию сайёҳӣ табдил додани шаҳри Хуҷанд аз Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» роҳи сайругашт ва саёҳатии арғамчинӣ ё худ канатиро бунёд намояд.

Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин масъала 16 апрели соли равон дар иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати панҷум баррасӣ гардид.

Ба андешаи вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, тадбири мазкур мақоми сайёҳии маркази вилоятро боло бардошта, ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд ва инчунин барои сокинони шаҳри Хуҷанд имконияти нави истироҳату фароғат мегардад.

Дар кори иҷлосия ҳамчунин роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Абдуваҳҳоб Ҳомидзода доир ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дод. Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм як зумра корҳо ба сомон расида истодаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд, дар иҷлосия илова ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 масъалаи дигар мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 6 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла ширкати сайёҳии «Спутник», филиали «Суғдиён  Помир Тур», «Олами сайёҳат», «Шарқ -Амрико», «Марко-Поло» ва ширкати сайёҳии «Согдиана Трейд» фаъолият менамояд. Дар шаҳр беш аз 32 ёдгории таърихӣ, 3 ёдгории археологӣ ва 25 ёдгории шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.

 

Апрель 18, 2018 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад