Имрӯз дар муассисаҳои тиббӣ муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ, ки ҳамасола 7 апрел дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, рӯзи дарҳои кушода эълон гардидааст.
Дар ин рӯз ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологии шаҳри Душанбе Маҳмадёр Қосимов иттилоъ дод, «ҳар сол бахшида ба ин рӯз дар маркази мо барои аҳолӣ тамоми намуди ташхисҳо, ҳамчунин аз тарафи мутахассисон машварат ва муоина гузаронида мешаванд. Ҳангоми муоина, агар бемор дар ҳолати вазнин қарор дошта бошад, аз тарафи мутахассисони ботаҷрибаи марказ ба онҳо фавран ҷарроҳӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад». Ҳамчунин имрӯз, дар Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе зери шиори «Фарогирии умумии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ» бо иштироки устодону профессорон ва мутахасисони баландпояи соҳавӣ чорабинии умумиҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки аз соли 1950 бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар саросари ҷаҳон ҳамасола 7 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ қайд карда мешавад.













Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






