Имсол дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи кишти баҳории баъзе зироатҳо 50 фоиз зиёд гардид

Апрель 6, 2018 11:02

РӮДАКӢ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ соли равон нақшаи кишти баҳории баъзе намуди зироат зиёда аз 50 фоиз зиёд гардид, ки ин баҳри самаранок истифода бурдани заминҳои корам амали муфид  ба ҳисоб меравад. Тасмими мазкур бо мақсади таъмини   сокинони ҷумҳурӣ бо маҳсулоти тозаи  кишоварзӣ, аз қабили  картошкаю пиёз, помидору бодиринг  ва дигар намуди сабзавот гирифта шуд.

Тибқи нақшаи пешниҳодгардида, имсол деҳқонони ноҳияи Рӯдакӣ  дар 650 гектар картошка,  300 гектар пиёз, 300 гектар карам, 350 гектар помидор, 250 гектар бодиринг ва дигар намуди сабзавотро дар майдони 2000 гектар кишт менамоянд. Нақшаи кишти сабзавот соли 2017  855 гектарро ташкил медод.  Ҳамчунин  барои даромади бештар гирифтани кишоварзони ноҳия имсол бояд дар майдони 1000 гектар пахта  кишт намоянд, ки нисбат ба соли гузашта 657 гектар зиёд мебошад.

Масъулини Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, ки деҳқонони ноҳия аз ҳавои мусоид самаранок истифода карда, пахта ва дигар намуди зироати кишоварзӣ  кишт менамоянд. Кишти қисме аз ин зироат  дар арафаи анҷомёбист.

Дар сурати зиёд гардидани нақшаи кишти баҳорӣ, махсусан барои обёрии кишти пахта ва сабзавоту картошка  проблемаи нарасидани об ба миён меояд. Роҳбари Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ  Нусратулло Аминзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иброз намуд, ки дар асоси шартномаи тарафайн бо хоҷагиҳои деҳқонӣ мо ба воситаи 11 адад пойгоҳи обкашӣ зиёда аз 4000 гектар  ва ба воситаи каналҳои худҷорӣ зиёда аз 6000 ҳазор гектар заминҳои корами обиро  пурра обёрӣ карда метавонем.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ноҳияи Рӯдакӣ 10 ҳазору 218 гектар замини корами обӣ, 9 ҳазору 890 гектар замини корами лалмӣ  ва 17 адад пойгоҳҳои обкашӣ мавҷуданд. Мутаассифона, аз 17 пойгоҳи обкашӣ  6 адади он дар солҳои нобасомонӣ хароб гардидаанд ва зиёда аз 2000 гектар замини корами обии ноҳия обёрӣ карда намешаванд. Дар сурати маблағгузорӣ гардидану барқарор намудани  6 адад пойгоҳи обкашии харобгардида солҳои оянда имкон пайдо мешавад, ки  ин 2000 гектар замини корами обӣ низ обёрӣ шаванд.

 

Апрель 6, 2018 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад