Иштироки Сафири Тоҷикистон дар қабули расмии Вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия
ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрели соли 2018 Сафири Тоҷикистон дар Чехия Маликшо Неъматов дар қабули расмии Вазири саноат ва савдои Чехия Томаш Хунер иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат бо Вазири саноат ва савдои Чехия масъалаи ҷаласаи навбатии комиссияи байниидоравии Тоҷикистону Чехия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва баргузории форуми тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишварро соли равон дар шаҳри Душанбе баррасӣ намуд.
Ҷонибҳо омодагии хешро барои ташкилу баргузор намудани ин чорабиниҳои муҳим, ки барои рушду тавсеаи ҳамкории гуногунчабҳаи мутақобилан судманди ҳарду кишвари дӯст мусоидат мекунанд, изҳор намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






