«Истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълими забонҳои хориҷӣ», — конфронси байналмилалӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

Апрель 30, 2018 09:12

ДУШАНБЕ, 30.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълими забонҳои хориҷӣ (забони арабӣ)» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конфронс ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Маҳмадулло Раҷабзода, Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ, намояндаи фарҳангии сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Саъд ал-Асмарӣ, устоди донишгоҳи Шоҳ Сауди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Маҳмуд Маҳмуд, дотсенти кафедраи забонҳои Шарқи Наздики Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон Розия Матибаева, инчунин мутахассисон ва устодони варзидаи арабшинос ва намояндагони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Маҳмадулло Раҷабзода  зикр намуд, ки асри 21 — асри рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав, зуҳури уфуқҳои нави илм ва пешрафти ҳайратангези илмиву техникӣ ба шумор рафта, дараҷаи омӯзиш ва сифати таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти олии касбӣ дар ҳамбастагии ногусастанӣ бо омӯзишу донистани забонҳои хориҷӣ ва фаъолияти пурсамари устодону шогирдон вобаста аст.

Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ зимни суханронии худ иброз намуд, ки ташкили чунин чорабиниву конфронсҳо барои омӯзонидани забони арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати бениҳоят бузург мебошад. «Воқеан он ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳое, ки омӯзгорони Донишкада барои азхудкунии усулҳои нави таълими забони арабӣ ва донишҷӯён барои азхудкунии технологияҳои навтарин анҷом медиҳанд, омили хуби азхудкунии забони арабӣ ба шумор мераванд, — гуфт Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ ва афзуд, ки мақсад аз баргузории ин конфронс танҳо ҷамъ овардани устодон набуда, балки пайваста мавриди омӯзиш қарор додани технологияҳои нав ва маълумот аз тариқи алоқаҳои муосир низ мебошад».

Дар рафти конфронс ҳамчунин зикр гардид, ки баргузории чунин чорабинӣ ба таҳкими робитаҳои дӯстиву адабии байни кишварҳо мусоидат намуда, барои ташаккули фарҳанги илмию техникии мутахассисони забоншинос, тарҷумонҳои оянда, рақобатпазир гардонидани донишу малакаҳои касбӣ ва тафаккури шахсияти онҳо шароитҳои созгор фароҳам хоҳад овард.

 

 

Апрель 30, 2018 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд