КӢ АЗ ҲАМА ПЕШ? Имрӯз Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе доир мегардад!

Апрель 21, 2018 08:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 21 апрел, соати 9:00 Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе  доир мегардад. Дар ин бора, тавре қаблан хабар дода будем,  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Ниммарафони байналмилалии Душанбе, тавре дар қарори Раиси  шаҳри Душанбе омадааст,  «бо  мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим ва  ривоҷ додани  ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ доранд», доир карда мешавад.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор карда шудааст, ки  аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти хароҷоти  Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе   398 053 (сесаду наваду ҳашт ҳазору панҷоҳу се) сомонӣ ҷудо намояд.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, ба варзишгароне, ки имсол дар ниммарафон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро соҳиб мегарданд, мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад: барои ҷои 1-ум –  31150 сомонӣ, ҷои дуюм- 26700 сомонӣ, ҷои сеюм- 22250 сомонӣ, ҷои чорум – 17800 сомонӣ, ҷои панҷум – 16020 сомонӣ  ва ҷои шашум – 13350 сомонӣ.

Имсол ба ин мусобиқот дар қатори давандаҳои машҳури Тоҷикистон инчунин варзишгарон аз 15 кишвари олам даъват карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе мақоми байналмилалӣ гирифта,  ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур  шомил карда шудааст. Бо дарназардошти ин дар қарори  Раиси шаҳри Душанбе аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шудааст, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд.

Хотиррасон менамоем, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе ба масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2010 баргузор гардида буд. Барои иштирок дар ин мусобиқа ҳар сол одатан варзишгаршгон  аз Россия, Беларус, Украина,  Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин,  Иёлоти Муттаҳидаи Америка,  Канада, Франсия, Кения ва дигар  кишварҳои олам ба Душанбе  меоянд.

Порсол дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар байни мардон Ҷирма Теляхум (аз Ҳабашистон) ва дар байни занон  Виктория Полудня (аз Қирғизистон) ғалаба ба даст оварда буданд.

Апрель 21, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад