Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар майдони 1000 гектар пиёз кишт карданд
ТУРСУНЗОДА, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода дар майдони 1000 гектар пиёз кишт намуданд, ки он сад фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин бора сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода Ҷаҳонгир Равшанов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, кишоварзони шаҳри Турсунзода то имрӯз 9 ҳазору 519 гектар зироатҳои ғаладонагӣ, сабзавот, зироатҳои тухмӣ ва пахтаро кишт намудаанд.
«Соли равон дар асоси имкониятҳои мавҷудаи сохтори кишоварзии шаҳр аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи кишти зироатҳои баҳорӣ зиёд карда шуд. Аз ҷумла, кишти пахтаро ба 3000 гектар нақшабандӣ намуданд, ки то имрӯз 1700 гектар иҷро шудааст», — афзуд Ҷ. Равшанов.
Ҳамчунин ба таъкиди ӯ, дар майдони 3000 гектар кишти помидор, бодиринг, карам, сабзӣ, пиёз ва дигар намуди сабзавот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз кишоварзон дар майдони 1374 гектар кишт кардаанд.
Ба иттилои масъулини соҳаи кишоварзӣ, дар сурати саривақт обёрӣ гардидани заминҳои кишт аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр ва ҳосили дилхоҳ ба даст овардани деҳқонон, махсусан аз пахта ва сабзавотҳои барвақтӣ даромаднокии деҳқонон зиёд мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






