КИТОБ САРЧАШМАИ ДОНИШ АСТ! Аз 15 апрел то 15 майи соли 2018 Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 апрел то 15 майи соли 2018 дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ифтитоҳи ботантанаи фестивал 15 апрел соати 10:00 дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ, китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ва китобхонаҳои мактабӣ сурат мегирад.
Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Фестивали анъанавӣ имсол бо рӯйдоди барои миллати мо бағоят муҳим 140-солагии зодрӯзи бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ оғоз ёфта, дар рӯзи зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб ва рӯзи байналмилалии оила, яъне 15 май ҷамъбаст мегардад.
Чорабинии мазкур ба 27-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-солагии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028», ҷашнвораҳои адибон, олимон, симоҳои барҷастаи ҳунарҳои мардумӣ ва китобҳои тозанашр бахшида мешавад.
Мақсади асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.
Дар доираи барномаҳои фестивал намоишгоҳ, суҳбатҳо, маҳфилҳои адабӣ, мизҳои мудаввар ва озмунҳои гуногун аз қабили «Хонандаи фаъол», «Китобдори беҳтарин», «Беҳтарин дастранҷи кӯдакона», «Сайёҳони наврас», «Саёҳат бо китоб», «Сайри олами китоб», маҳфилҳои «Оилаи китобдӯст», «Синфи китобдӯст», «Оилаи ҳунармандон», «Дастони моҳир», «Дастони тиллоӣ» ва амсоли инҳо гузаронида мешаванд.
Созмондиҳандагон, иштирокдорони фаъол, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони васитаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилотҳо, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, тӯҳфаҳо, инчунин бо ифтихорномаҳо ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






