Комроншоҳ ва Беҳрӯз дар Ӯзбекистон соҳиби медалҳои тилло шуданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқаи VII байналмилалии Ҷоми Амир Темур оид ба гӯштини кураш, ки 21-22 апрел дар Шаҳрисабз баргузор гардид, барандаи медалҳои тилло ва ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 73 кило ҷойҳои аввалро ишғол намуда, медалҳои тилло ва ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар ҳаҷми 3 ҳазордолларӣ ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Акмал Муродов низ намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни 81 кило сазовори медали биринҷӣ ва 750 доллари америкоӣ гардид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






