Конференсияи XXVIII ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид

Апрель 4, 2018 10:28

ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Конференсияи XXVIII ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар конференсия  масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ҷойи вакили хориҷшуда ва таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ шуданд.

«Дар конференсия пешбарии номзад аз ҲХДТ Гулҷаҳон Давлатзода  ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҷойи вакили хориҷшуда пешниҳод гардида, аз тарафи вакилони Конференсия дастгирӣ ёфт», — хабар доданд аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Дар кори конференсия ҳамчунин тадбирҳои татбиқшаванда ҷиҳати беҳтар намудани корҳои таблиғотӣ ва муаррифии нақшаҳои созандаи ҳизб дар оянда муайян карда шуданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафҳои минбаъда низ барои пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, таъмини рушди рӯзафзуни иқтисоди миллӣ ва боз ҳам фаъолтар сохтани нақши ҳизб дар беҳтаршавии сатҳи некуаҳволии мардум равона мешаванд.

Апрель 4, 2018 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд