Корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар нахустин маркази илмию таълимӣ барои занону духтарон дар Тоҷикистон бо суръат идома доранд

Апрель 30, 2018 10:19

ДУШАНБЕ, 30.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳифзу нигоҳдошти мероси ниёгон ва рушди соҳаи сайёҳӣ ёдгории «Мадрасаи Оим», воқеъ дар шаҳри Конибодом мавриди таъмиру тармим қарор дорад. Таъмир ва барқарорсозии ин иншооти нодири фарҳангӣ ва қадимаи Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом тавассути маблағгузории Сафоратхонаи ИМА роҳандозӣ гардидааст. То имрӯз боми мадраса ва ҳуҷраҳо аз таъмир бароварда шуда, таъмири ду масҷиди дохили мадраса ва саҳни ҳавлии он ҷараён дорад.

«Мадрасаи Оим» ёдгории таърихию меъмории асри 19 буда,  дар сари роҳи қадимаи Конибодом-Қӯқанд самти роҳи Патар воқеъ аст. Аз рӯи маълумот, бинои мадраса соли 1825 аз ҷониби яке аз шогирдони мадраса Қорӣ Исмати Ҷамол мавриди истифода қарор дода шудааст. Мадрасаро Мулло Миролим ном донишманде сохта, ба номи духтараш Бибӣ Оим гузоштааст.

Тавре масъулини мақомоти шаҳр иброз намуданд, «Мадрасаи Оим» ёдгории таърихию меъмории асри 19 буда, солҳои 90-уми асри гузашта таъмир гардида буд. Таъмир ва барқарорсозии ин иншооти нодири фарҳангӣ дар доираи лоиҳаи «Ҳифз ва нигоҳдории Мадрасаи Оим» роҳандозӣ гардидааст. Татбиқи лоиҳа моҳи сентябри соли 2017 оғоз гашта, феврали соли 2019 ба итмом хоҳад расид. Айни замон корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти мазкур бовусъат идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки мадраса нахустин маркази илмию таълимӣ барои занону духтарон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Он ҳамчун ёдгории таърихии аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба қайд гирифта шуда, соли 2015 дар шаҳри Алма-Ато дар қатори 4 ёдгории дигари таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ — ёдгориҳои меъмории Шайх Муслиҳиддин, Қалъаи Хуҷанд, тасвирҳои рӯйисангӣ ва ёдгориҳои бостонии атрофи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ашт, маҷмааи меъмории Мир Раҷабдодҳо «Мадрасаи Оим» низ ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим номнавис шуд. Ин иншоот ба гузаргоҳи Фарғона — Сирдарё тааллуқ дорад. Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Итминон дорем, ки пас аз таъмиру таҷдид ин ёдгории таърихии шаҳр мавзеи тамошобоби сайёҳӣ гардида, шуҳрати Тоҷикистонро ҳамчун яке аз минтақаҳои сайёҳӣ боз ҳам афзунтар хоҳад сохт. Зеро таъмиру таҷдиди мадраса, пеш аз ҳама, бо мақсади ҳифзу нигоҳдошти мероси ниёгон ва рушди соҳаи сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

 

Апрель 30, 2018 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад